Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абадии генерал Пукач бо ҷурми қатли Гонгадзе


Додгоҳи Киев як генерали собиқи пулисро бо ҷурми қатли журналист Ҳеорҳий Гонгадзе ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Печера дар ҳукми имрӯзааш гуфт, раҳбари собиқи бахши назорати вазорати дохилаи Украина генерал Олексий Пукач Гонгадзеро шахсан буғӣ карда куштааст. Пукачро бо ҳукми додгоҳ аз унвони низомӣ ҳам маҳрум карданд. Гонгадзеро дар сентябри соли 2000 рабуданд ва ҷасади сарбуридаи ӯ дар наздикии Киев ёфт шуд. Гонгадзе дар бораи фасод менавишт ва дар қатли ӯ ҳатто раисиҷумҳури вақти Украина Леонид Кучмаро ҳам бар пояи сабти махфии як сӯҳбаташ дахил медонистанд. Ду сол пеш алайҳиКучма айбномаи расмӣ ҳам эълон карданд, ки соле пеш лағв шуд. Пукач гуфт, ҳукмашро танҳо замоне эътироф мекунад, ки Кучма ва бақия низ ба додгоҳ кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG