Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи 65 ҷасади тирхӯрда дар Ҳалаб


Мухолифини Сурия мегӯянд, аз рӯди Қувейг дар шаҳри Ҳалаб аҷсоди тақрибан 65 марду кӯдаки кушташуда бо дастони бастаро пайдо кардаанд. Чирикиҳо ва Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ҳар кадом аз ин қурбониёнро бо як тир ба ноҳияи сар ё гулӯ куштаанд. Чирикиҳо масъулияти ин қатлҳоро ба режими Башор Асад бор мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи фаъолон, чирикиҳо субҳи имрӯз идораи амният дар шаҳри Дайруззорро баъди 5 рӯзи набардҳои сангин тасарруф ва чандин маҳбусро раҳо кардаанд. Дайруззор дар як минтақаи нафтхез дар наздикии марзи Ироқ воқеъ мебошад.
XS
SM
MD
LG