Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари сокинони шаҳри Душанбе, қарори манъи фурӯши нос дар Русияро, ки сарчашмаи «дарди сар» - и даҳҳо ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад, дастгирӣ мекунанд.

Аксари мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, фурӯш ва истеъмоли носро аз тарафи муҳоҷирон дар Русия, падидаи номатлуб хонда, ҷилавгирӣ аз онро қобили дастгирӣ гуфтанд. Ахиран парлумони Русия тарҳи қонунеро пазируфт, ки баъди имзои он аз ҷониби президент, фурӯши нос дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 28 –уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дастур додааст, ки сар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, фурӯши тамоку дар кишвар бо гирифтани иҷозатнома сурат бигирад. Ӯ супориш додааст, ки тиҷорати нос ва маҳсулоти дигари тамоку дар кишвар зери назорати қатъӣ гирифта шаванд.

Дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки оғози соли 2011 дар Тоҷикистон қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад, ки нақзи он аз 35 сомонӣ бештар ҷарима ба дунбол дорад.



Тибқи таҳқиқоти Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ шумораи тамокукашон дар ҷаҳон 20 миллион афзуда ва ба 1,3 миллиард нафар баробар шудааст. Ба гуфтаи ин созмон, дар сартосари ҷаҳон ҳар сол бештар аз 5 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG