Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи дафтари кори волии Киров


Никита Белих

Никита Белих

Пулиси Русия имрӯз дафтарҳои волии вилояти Киров Никита Белихро ҷустуҷӯ кард. Сухангӯи кумитаи тафтишот Владимир Маркин гуфт, ки ин ба таҳқиқи қазияи хусусигардонии ғайриқонунии як корхонаи шаробсозӣ марбут аст ва тафтишот эҳтимоли даст доштани мунтақиди Кремл Алексей Навалний дар ин амалро таҳқиқ мекунад. Кумитаи тафтишот соли гузашта Навалнийро ба сирқати чӯбу тахта аз як корхонаи давлатӣ дар вилояти Киров дар соли 2009 айбдор кард. Навалний он замон ёвари Белих буд. Моҳе пеш Навалний ба сирқати беш аз 3 миллион доллар аз як ҳизби сиёсӣ дар соли 2007 айбдор шуд. Дар авоили январ ӯву бародарашро ба шустушӯи пул ва тақаллуби чандмиллиондолларӣ алайҳи хадамоти почта айбдор ва ҳардуро аз ҳаққи тарки Маскав маҳрум карданд. Навалнийи 36-сола ин иттиҳомотро сиёсӣ мехонад.
XS
SM
MD
LG