Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Қазоқистон


Паҳлавонони тоҷик аз Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бе медал баргаштанд.

Ин мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд, рӯзҳои 27-ум ва 28-уми январ дар шаҳри Уралски Қазоқистон барпо гардид. Дар намуди самбои варзишӣ гуштигирон (мардону занон) аз 14 кишвари ҷаҳон (Арманистон, Беларус, Булғористон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон) ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон намояндагӣ карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Акмалиддин Каримов ( дар вазни 57 кг), Каъбатулло Аминов (62 кг), Бежан Алиев (68 кг), Сайёд Шайхов (74 кг), Зайналобиддини Аъзамхон, Хуршедҷон Сафаров, Иззатуллоҳи Давлатмаҳмад (ҳарсе дар вазни 82 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Неъматулло Асронқулов (100 кг , Аҳтам Ҳусейнов ва Қодир Маҳмадраҳимов (ҳарду – беш аз 100 кг) дохил буданд.

Миёни онҳо танҳо Акмалиддин Каримов, ки дар ин мусобиқа солҳои 2011-ум ва 2012-ум бо медалҳои нуқра сарфароз гашта буд, дар ду давр бар рақибонаш аз Қазоқистон ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Игор Беглерови русиягӣ шикаст хӯрд. Каъбатулло Аминов бошад, пас аз пирӯзӣ дар қувваозмоии аввал бар Парвиз Назарови озарбойҷонӣ дар даври дувум аз Айтинбек Супигалиеви қазоқ мағлуб гашт. Нӯҳ гуштигири дигари тоҷик дар нахустин қувваозмоии худ шикаст хӯрданд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг) ва ду медали биринҷӣ (Ибод Шайхов ва Илҳомиддин Алиев дар вазни беш аз 100 кг) ба даст оварда буданд.
Дар мусобиқаи имсола дар самбои варзишӣ миёни мардон паҳлавонони Русия дар 6 вазн ғолиб омада, дар ҳисоби дастаӣ мақоми аввалро касб карданд. Дастаи Қазоқистон, ки дар се вазн пирӯз гардид, дар ҷойи дувум қарор гирифт.

Ғолибони мусобиқа дар вазни худ бо медалҳои тилло ва 3000 доллар, барандагони ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра ва 1500 доллар ва барандагони ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ ва 750 доллар мукофотонида шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар байни
мардон оид ба самбои варзишӣ

Вазни то 52 кг
1. Алмат СУЛАЙМОНОВ (Қазоқистон)
2. Болатбек РАИМҚУЛОВ (Қазоқистон)
3. Ҷанирбек БЕКТАЕВ (Қазоқистон)
Вазни то 57 кг
1. Ербулат БОЙБОТИРОВ (Қазоқистон)
2. Иссатай АСКАНБАЙ (Қазоқистон)
3. Игор БЕГЛЕРОВ (Русия)
Вазни то 62 кг
1. Алтинбек СУПИГАЛИЕВ (Қазоқистон)
2. Йессет КУАНОВ (Қазоқистон)
3. Александр СЛИВИН (Русия)
Вазни то 68 кг
1. Никита КЛЕТСКОВ (Русия)
2. Дмитрий КЛЕТСКОВ (Русия)
3. Владимир БАЛИКОВ (Русия)
Вазни то 74 кг
1. Алӣ КУРЖЕВ (Русия)
2. Иля ЛЕБЕДЕВ (Русия)
3. Александр ШИБАНОВ (Русия)
Вазни то 82 кг
1. Иля КОКОВИЧ (Русия)
2. Андрей ПЕРЕПЛЮК (Русия)
3. Думан АЛДИЕВ (Қазоқистон)
Вазни то 90 кг
1. Арсен ХАНДЖЯН (Русия)
2. Виктор ОСИПЕНКО (Русия)
3. Саян ШАМШЕВ (Қазоқистон)
Вазни то 100 кг
1. Эдуард КУРГИНЯН (Русия)
2. Василий КУЗНЕТСОВ (Беларус)
3. Асан МАМБЕТҚУЛОВ (Қазоқистон)
Вазни беш аз 100 кг
1. Роман МИХАЛЧЕНКО (Русия)
2. Олег ХОРПЯКОВ (Русия)
3. Самат РИСБЕКОВ (Қазоқистон)

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳафт давраи Ҷоми ҷаҳон, ки мақоми мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А”-ро доранд, баргузор мешаванд. Вале ҷоизаи аслӣ аз рӯи натоиҷи чаҳор давра супурда хоҳад шуд.

Давраҳои ҳалкунанда инҳоянд: дар Аврупо — Суперҷоми ҷаҳон «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», дар Осиё — давраи Ҷоми ҷаҳон барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон, дар Амрико — давраи Ҷоми ҷаҳон ба хотираи А.Астахов ва дар Африқо — давраи Ҷоми ҷаҳон «Гран-При Касабланка». Аз рӯи ҷамъбасти ин чаҳор давраи мусобиқот ғолибони Ҷоми ҷаҳон дар ҳисоби умумӣ дар ҳар як вазн муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG