Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: Парвози маймун нақзи қатъномаи СММ аст


Амрико гуфт, агар даъвои Эрон дар бораи парвози маймуни зинда ба мадор дуруст бошад, ин нақзи қатъномаи СММ аст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, сиҳҳатии хабарро тасдиқ карда наметавонад, вале қатъномаи 1929-и Шӯрои Амнияти СММ Эронро аз “ҳар навъ фаъолияти марбут ба мушакҳои раҳбурдии қодир ба бурдани таслиҳоти ҳастаӣ, бо шумули парвозҳо бо истифода аз фанновариҳои мушакӣ”манъ мекунад. Мақомоти Эрон рӯзи душанбе гуфтанд, ки як маймунро тавассути мушак ба баландии 120 километр аз Замин расонданд ва ин ҳайвон солим баргаштааст.
XS
SM
MD
LG