Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Хориҷиҳо ба сулҳи мо дахолат накунанд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, талошҳои сулҳ бо Толибон бояд тавассути Шӯрои олии сулҳ, ки давлати ӯ таъсис додааст, сурат бигирад. Карзай мухолифини сиёсиашро алайҳи ҳамроҳӣ ба ин музокираҳо ҳушдор дод ва гуфт, қудратҳои хориҷӣ қасд доранд, музокироти бархе раҳбарони мухолифин бо Толибонро аз роҳҳои ҳошияӣ ташкил кунанд. Карзай гуфт, раванди сулҳ танҳо дар сурати иттифоқи давлат натиҷа хоҳад дод. Карзай афзуд, қудратҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрикову кишварҳои Ғарб, набояд ба раванди сулҳи Афғонистон дахолат кунанд. Шӯрои олии сулҳи Афғонистон соли 2010 ба хотири раҳбарии музокирот бо Толибон таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG