Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Transparency International мегӯяд, 70 фоизи давлатҳо дар амри ҳимояти бахши дифоъи худ аз фасод ноком шудаанд, ки ин дарҳоро ба рӯи хисороту таҳдидҳои амниятӣ боз мекунад. Ин созмон, ки масоили шаффофият дар кишварҳои дунёро таҳқиқ мекунад, дар гузориши наваш гуфт, аз се ду ҳиссаи кишварҳои воридкунандаи асосии таслиҳот ва нисфи кишварҳои фурӯшандаи асосии силоҳ ба фасод рӯбарӯ ҳастанд.
Ҷамъи умумии қимати фасод дар сол аз сӯи ин созмон дастикам 20 миллиард доллар баровард шудааст.
Ин нахустин гузориши Transparency дар бораи вазъи фасод дар бахши дифоъии кишварҳои дунё буда, 82 кишварро фаро мегирад. Афғонистону Эрон ва Ироқу Узбакистон дар радифи кишварҳои зери “риски хеле зиёд” омадаанд. Австралияву Олмон танҳо кишварҳое шинохта шуданд, ки васоили қавии мубориза бо фасод дар бахши низомиро доранд.
XS
SM
MD
LG