Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманҳо - ақалияте бо қоидаҳои нонавиштаи худ дар Ҷиликӯл


Ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл ба манзури рафъи мушкили муҳассилони туркмантабори ин минтақа тасмим гирифтааст, барои тарҷумаи китобҳои дарсии тоҷикӣ ба забони турманӣ, маблағ ҷудо кунад.

Меҳриннисо Насруллоева, муовини раиси ноҳияи Ҷиликӯл, гуфт, ки феълан беш аз ду ҳазор нафар дар синфу мактабҳои туркманӣ таҳсил мекунанд, аммо ба адабиёти таълимӣ ба забони модарии худ дастрасӣ надоранд.

Вай афзуд, аз ҳисоби омӯзгорони ҳирфаӣ ва кордони туркмантабори маҳаллӣ гуруҳи корие таъсис дода шуда, онҳо ба тарҷумаи тамоми китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ пардохтаанд. Ҳоло се китоби дарсӣ аз рӯйи барномаи таълимии роиҷ дар Тоҷикистон ба забони туркманӣ баргардон ва омодаи нашр шудааст.

«Тамоми китобҳои дарсӣ, аз синфи 1-ум сар карда, то синфи 11-ум ба забони туркманӣ тарҷума мекунем. Муаллимони беҳтарини туркманзабон ба ин кор ҷалб шудаанд, ки миёнашон 2 нафар номзади илм ҳаст. Мо ҳақмузди кори тарҷумонҳоро медиҳем ва Сафорати Турманистон дар шаҳри Душанбе маблағгузории нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои туркмании ин кишварро бар дӯш гирифтааст», - зикр кард М. Насруллоева.

Ҷамъияти бузургтарини туркмантаборони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ба сар мебарад, ки шумораашон беш аз 20 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

То ин замон дар ноҳияи Ҷиликӯл дар 7 мактаб кӯдакони туркмантабор таҳсил мекарданд, аммо солҳои охир, маъмурияти мактабҳо ва волидони муҳассилон аз нарасидани китобҳои таълимӣ ва эҳтимоли басташавии ин таълимгоҳҳо изҳори ташвиш мекунанд.

Тӯра Ҷумъаев, аз туркмантаборони деҳаи ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷиликӯл, мегӯяд, ҳоло ки давлати Туркманистон ба алифбои лотинӣ рӯ овардааст, ин алифбо барои фарзандони туркманҳои Тоҷикистон ошно нест, биноан дастрас кардани китобҳои дарсӣ аз он кишвар илоҷи кор намебошад.

«Ҳоло дар мактабҳои худи Туркманистон таълим ба ҳуруфи лотинӣ ҷараён дорад, кӯдакони мо бошанд, ҳанӯз бо ҳуруфи сириллик дарс мехонанд. Муаллимон аз рӯйи ҳамон китобҳои куҳнаи аз замони Шӯравӣ бозмонда таълим медиҳанд ё аз ноилоҷӣ адабиёти дарсии тоҷикиро истифода мекунанд. Барои ҳамин аз Туркманистон китобҳои дарсӣ овардан фоида надорад, чунки фарзандони мо онро мутолиа карда наметавонанд», - афзуд ӯ.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил бархе туркмантаборони маҳаллӣ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба мушкили норасоии адабиёти таълимӣ ба забони туркманӣ расидагӣ кунанд, зеро бар асоси қонунҳои ҷории кишвар, давлат истифода аз забони модариро барои ақаллиятҳои миллӣ ва ҳифзи забони онҳоро кафолат додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе, давлати Туркманистон қасд дорад, ки барои наздик ба 3000 муҳассили туркмантабори ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон мактаби вижае бунёд кунад. Сохтмони мактаб ва дар саҳни он нимпайкараи Махдумқулӣ, шоири маъруфи туркман, дар моҳи феврал оғоз хоҳад шуд. Дар баробари сармоягузории умури сохтмонӣ, сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин таъмини кадрҳои омӯзгорӣ ба забони туркманиро низ ба уҳда гирифтааст.

Вале бо таваҷҷуҳ ба камбуди адабиёти дарсӣ ва омӯзгорони забони туркманӣ, ҳоло бархе туркмантаборон талош мекунанд, ки фарзандони худро ба синфҳои забони таълимашон тоҷикии мактабҳои ноҳияи Ҷиликӯл роҳӣ мекунанд, зеро дар Тоҷикистон мактаби олие нест, ки забони таълимаш туркманӣ буда, хатмкардаҳои мактабҳои туркманӣ имкони идомаи таҳсил ба забони модариашонро дошта бошанд.

Бо ин вуҷуд, Рӯзимад Сияҳаков, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷиликӯл, мегӯяд, туркманҳои маҳаллӣ бо заҳматкашӣ ва талошашон барои таҳсил дар мактабҳои олӣ фарқ мекунанд. Ҳар сол тақрибан 80 дарсади хатмкунандагони мактабҳои маҳаллии туркманӣ шомили донишгоҳҳо мешаванд. Номдортарин пизишкони бемористону марказҳои беҳдоштии ноҳияи Ҷиликӯл ҳам туркмантабор будаанд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки туркманҳо забони модарӣ ва суннатҳои мардумии худро бо ҷиддияти том ҳифз мекунанд. Таърихи муҳоҷирати туркманҳо ба хоки Тоҷикистон тақрибан ба 400 сол пеш мекашад. Бахши аъзами онҳо дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон, дар 160-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, ба сар бурда, дар ин ҷо ба боғдорию қолинбофӣ, тамокупарварӣ ва нигаҳдории анъанаҳои миллии худ маъруф шудаанд. Туркманҳо танҳо барои анорпарварӣ дар Ҷиликӯл 42 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, солона даҳҳо тонна анори босифат истеҳсол мекунанд.

Туркмантаборон мегӯянд, дар қавми худ қоидаи нонавиштае доранд, ки арӯс ё домодро танҳо дар миёни ҳамзабонони худ ҷустуҷӯ ва ё интихоб мекунанд. Меҳрӣ Муродова, яке аз занони пешвои туркмантаборони Ҷиликӯл мегӯяд, волидон одатан ба писарону духтаронашон аз хурдӣ талқин мекунанд, ки бояд бо намояндагони миллату мазҳаби бегона ақди никоҳ набанданд.

Ва аммо сарфи назар аз мардуми аксаран таҳсилдида будани туркманҳои Ҷилликӯл, ҳатто дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҷамоат ва ноҳия шумораи вакилони туркмантаборро ба ангуштони як даст метавон баршумурд.
XS
SM
MD
LG