Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди алюминий 2 фоиз кам шудааст


Тавлиди алюминий дар ширкати Талко дар соли 2012 ду фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 272 500 тоннаро ташкил дод. Вазири иқтисоди Тоҷикистон Шариф Раҳимзода гуфт, як иллати аслии коҳиши тавлиди умдатарин маҳсулоти содиротии кишвар мушкил шудани таъмини корхона бо гази табиист, ки аз Узбакистон мегирад. Алюминий дар соли 2011 тақрибан 54,6 дарсади ҷамъи содироти Тоҷикистонро ташкил медод, вале дар соли гузашта саҳми алюминий дар содироти кишвар то 39,5 дарсад пойин омадааст. Шарифзода гуфт, чунин тағйири сохтори содирот аз ҳисоби афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзист.
XS
SM
MD
LG