Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси таҳаммулпазирии динии ҷавонон дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе, ҳамоиш зери унвони «Таҳаммулпазирӣ ва ҷавонон» бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ба кори худ оғоз кард. Дар ин ҳамоиш, ки ба ибтикори хабаргузории «Азия плюс» ва Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё сурат мегирад, ҷанбаҳои набуди таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар оғози ҳамоиш иштирокдорон заиф будани таҳаммулпазирии ҷавононро ба намояндагони дину равияҳои дигар таъкид карда, омили асосии онро надоштани донишҳои хуби исломӣ гуфтанд. Ба гуфтаи бисёре аз иштирокдорони ин ҳамоиш ноогоҳӣ, ҷавононро хурофотпараст кардааст. Дар қатори омилҳои адами таҳаммулпазирӣ ва зуҳури ҳуруфотпарастӣ бекорӣ ва фақр аз дохилу таҳоҷуми фарҳанги бегона аз хориҷ номбар шуданд. Баҳси омилҳо ва роҳҳои пурзур кардани таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG