Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони Миср барои ҳузур дар нишасти гуфтугӯи миллӣ, ки Муҳаммад Мурсӣ хостори он шудааст, чандин шарт пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол дар шуморе аз минтақаҳои Миср пас аз эъломи вазъияти фавқулодда аз сӯи Муҳаммад Мурсӣ, эътирозҳои хиёбонӣ ва хушунатҳо идома доштааст.

Ҷабҳаи наҷоти миллӣ, ки дар он гуруҳҳои зиёде аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ҳузур доранд, рӯзи душанбеи 28-уми январ пешшартҳое барои ҳузур дар нишастҳои гуфтугӯи миллӣ, ки Муҳаммад Мурсӣ хоҳони баргузории он шуд, матраҳ кардааст.

Дар ин баёния омадааст, "раиси ҷумҳурро масъули хунҳои рехташудаи ҳамаи шаҳидон ва осебдидагон медонем ва таъкид мекунем, ки раҳбарии нокоми кишвар, онро ба бӯҳрон кашонидааст. Аз ҳамин рӯ, ӯ дар ин чаҳорчӯб бидуни истифода аз роҳҳои гуфтугӯ ва идораи сиёсии бӯҳрон, иқдом ба барқарории вазъияти фавқулодда дар шаҳрҳои конолӣ (Суетс, Порт Саид ва Исмоилия) кард.»

Муҳаммад Мурсӣ, шомгоҳи якшанбе дар нутқи телевизионӣ эълом кард, ки ба муддати як моҳ дар се шаҳри Порт Саид, Суетс ва Исмоилия вазъияти фавқулодда эълом мекунад. Ҳамчунин дар ин шаҳрҳо аз соати 21- шаб то 4- бомдод қонуни манъи рафту омад барқарор мешавад.

Ҷабҳаи наҷоти миллӣ, ки Муҳаддам Ал-Бародаӣ, мудири кулли пешини Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, Амр Мусо, вазири умури хориҷии пешини Миср ва Ҳамдин Сабоҳӣ аз шахсиятҳои чапгаро ва раиси ҳизби ҷараёни мардумӣ, шахсиятҳои барҷастаи он ҳастанд, дар баёнияи худ, пешшартҳое барои пазириши даъвати Мурсӣ барои гуфтугӯро зикр кардааст.

Ташкили давлати наҷоти миллӣ ё ваҳдати миллӣ, барканории Додситони кулли кишвар, ташкили кумитае барои тағйири Қонуни асосӣ, ташкили кумитае барои таҳқиқи хушунатҳо, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандон шуд, аз ҷумлаи шартҳои мухолифон мебошанд.

Рӯзҳои ахир дар нооромиҳои Миср тақрибан 50 нафар кушта шудаанд. Бештари онҳо дар шаҳри бандарии Порт Саид ё Бандари Саид ба қатл расидаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе дар ин шаҳр бештар аз 30 нафар ҷон бохтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG