Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудиён куммиссиюнсозӣ бо Эронро маҳкум карданд


Раисиҷумҳури Аргентина Кристина Фернандес
Раисиҷумҳури Аргентина Кристина Фернандес
Созмонҳои яҳудӣ қасди Аргентинаву Эрон ба ташкили куммиссиюн барои таҳқиқи бомбгузориии хунини соли 1994 дар Буэнос-Айресро маҳкум карданд. Раисиҷумҳури Аргентина Кристина Фернандес гуфт, ин “куммиссиюни ҳақиқат” ҳуқуқдонҳои хориҷӣ, ба истиснои атбоъи Эрону Аргентинаро дар бар гирифта, бо таҳлили шавоҳид тавсия хоҳад дод, ки қазия бояд чигуна муҳокима шавад. Додгоҳҳои Аргентина дар он ҳамла ба Маркази яҳудӣ, ки 85 кушта ба ҷо гузошт, Эронро айбдор мекунанд. Шимон Самуэлс – мудири Маркази Визентал дар Порис гуфт, “ташкили куммиссиюни муштараки ҳақиқат бо Эрон мисли мазҳака аст.” Ҷамъияти яҳудиёни Аргентина мухолифи ин муомила аст. Ин куммиссиюн бояд аз сӯи парлумони ин кишвари Амрикои лотинӣ тасвиб шавад.
XS
SM
MD
LG