Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ Эронро ба музокирот мехонанд


Микаэл Манн
Микаэл Манн
Қудратҳои ҷаҳонӣ хостори мулоқот бо Эрон пиромуни барномаҳои ҳастаияш дар моҳи феврал шуданд. Микаэл Манн – сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон – ин пешниҳодро рӯзи душанбе дар Брюссел эълон кард. Ӯ гуфт, Эрон даъвати қаблӣ барои мулоқот дар Истамбул дар рӯзҳои 28-29 январро радд кардааст. Дирӯз Маскав аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон даъват кард, то рӯи макони музокирот тавофуқ кунанд. Вазири хориҷаи Русия гуфт, ҳарду ҷониб бояд “кӯдакбозиро бас кунанд.” Охирин даври музокирот байни Эрону 5 узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон моҳи июн дар Маскав бидуни кадом пешрафте поён ёфт. Теҳрон даъватҳо ба қатъи корҳои ҳастаияшро радд карда, ба навбаи худ хостори қатъи таҳримот шуд. Эрон иттиҳоми қасди сохтани силоҳи ҳастаӣ доштанашро радд мекунад ва мегӯяд, ҳадафаш танҳо нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG