Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Газпром" аз Киев 7 миллиард доллар мехоҳад


Сухангӯи ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина гуфт, “Газпром”-и Русия аз Киев барои истифода набурдани тамоми гази қарордодшуда 7 миллиард доллар пул хостааст. “Газпром” мегӯяд, Украина ҳамаи газеро, ки бояд тибқи қарордоди ду кишвар мегирифт, нагирифтааст. Қарордоди даҳсолае, ки соли 2009 сарвазирони вақти Украинаву Русия Юлия Тимошенко ва Владимир Путин имзо кардаанд, содироти 33,3 миллиард метри мукааби газ дар сол ба Украинаро пешбинӣ мекунад, вале ин кишвар соли гузашта ҳамагӣ наздики 25 миллиард метри мукааб газ гирифтааст. Худи Тимошенко бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои ин қарордоди газ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG