Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Магнитский то 18 феврал ба таъхир уфтод


Оромгоҳи Сергей Магнитский

Оромгоҳи Сергей Магнитский

Муҳокимаи муқаддамотии парвандаи баъд аз марги вакили мудофеъи рус Сергей Матгнитский, ки соли 2009 баъди ба фасод айбдор кардани мақомоти давлатӣ дар боздошт ҳалок шуд, ба таъхир афтод. Вакили хонаводаи Магнитский ба Интерфакс гуфт, хонавода бо додгоҳе, ки қарор аст, 18 феврал аз сар гирифта шавад, ҳамкорӣ нахоҳад кард. Додгоҳ эълон кард, ки барои ҳимоят аз Магнитский худ вакилони мудофеъро таъйин хоҳад кард. Додситонӣ соли гузашта алайҳи Магнитский иттиҳомоти нави сарпечӣ аз пардохти андозро эълон кард. Алайҳи Вилям Бровдер – молики сандуқи сармоягузории Hermitage Capital, ки Магнитский барояш кор мекард, низ айбнома эълон шудааст.
Тарафдоронаш мегӯянд, Магнитский дар боздошт мавриди бадрафторӣ қарор дошта, аз ёрии муносиби тиббӣ маҳрум буд.
XS
SM
MD
LG