Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси масъули "Газойл Ситӣ"


Додгоҳи ноҳияи Гагарини Маскав Дамир Гисматуллин – мудири ширкатеро, ки идораи сохтмони сӯхтаи “Газойл Ситӣ” дар ихтиёраш буд, барои 2 моҳ ба ҳабс гирифт. Бар асари сӯхтори рӯзи 26 январ дар ин бинои мӯҳташам дар кӯчаи Херсони пойтахти Русия 9 нафар ҳалок шуданд. То ҳол ҳуввияти танҳо 3 қурбонӣ шиносоӣ шуда, ба гуфтаи мақомот, ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Узбакистон будааст. Мақомот мегӯянд, бадани бақия чунон сӯхтааст, ки ташхиси ҳуввияташонро сахт мушкил мекунад, вале аз ҷои хоби онҳо дар таҳхонаи бино шиносномаҳои Тоҷикистону Узбакистонро ёфтаанд.
Ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Соли гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон ҷанозаи 1157 муҳоҷирро овардаанд, ки як бахши бузурги онҳо дар ғурбат бар асари чунин фалокатҳо ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG