Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 6 фаъоли ҲИУ дар Қабодиён


6 нафар дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дастгир шудаанд. Раиси ин ноҳия Абдулмӯъмин Улфатов гуфт, ин афрод сокинони рустое дар наздикии марзи Афғонистон буда, соли гузашта 5 сокини дигари ин русторо ҳам бо айни иттиҳом боздошт карда буданд. Дар ҳамин ҳол, 4 нафар дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо ҷурми хабар надодан ба мақомот аз маҳалли будубоши ҷангиёни исломӣ дастгир шудаанд. Дар авоили моҳи январ дар як амалиёт дар ин минтақаи шимоли Тоҷикистон як узви эҳтимолии ҲИУ кушта, 9 тани дигар боздошт шуданд. ҲИУ як созмони мамнӯъ аст, ки барои таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG