Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулатипов иҷрокунандаи мақоми президенти Доғистон шуд


Рамазон Абдулатипов

Рамазон Абдулатипов

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия Муҳаммад Муҳаммадов-раиси ҷумҳури Доғистонро аз мақом барканор ва вайро ба мақоми дигаре мансуб кард. Вай муовини раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Русия таъин шуд.

Ба ҷои Муҳаммадов Рамазон Абдулатипов-муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳур дар Доғистон муқаррар шудааст.

Муҳаммадов 48 сола аст ва аз соли 2010 раиси ҷумҳур буд. Абдулатипов 66 сола аст ва аз сиёсатмадорони собиқадори давраи Шӯравист.

Доғистон яке аз минтақаҳои доғи муборизаҳои исломи тундрав дар қаламрави Шӯравии пешин аст.
XS
SM
MD
LG