Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб аз баргузории интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри соли равон, изҳори бехабарӣ карданд.

Аз бисту панҷ мусоҳиби «Озодӣ» дар хиёбонҳои Кӯлоб, ки дорои касбу кори гуногун буданд, танҳо ду нафар, як омӯзгор ва корманди шабакаҳои барқ аз баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон хабар доштаанд. Нафари дигаре бо номи Сафарбӣ Мирзомадова посух дод, ки ӯ медонад, имсол интихобот аст. «Вакилонро интихоб мекунанд ва раисони шаҳрро. Дар моҳи феврал мешавад ва мо бояд овоз диҳем» - афзуд ӯ.

Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб, мегӯяд, воқеан, огоҳии мардум дар сатҳи поин қарор дорад ва барои ислоҳи вазъ ҳукумати шаҳр гурӯҳҳоеро созмон додааст, то масъалаҳои марбут ба интихоботро ба мардум фаҳмонанд: «Ҳоло то интихобот вақт аст. Аммо мо гурӯҳҳое ташкил кардаем, то ба мардум қонун дар бораи интихоботро бифаҳмонанд. Ин гурӯҳҳо ҳоло ба кор сар кардаанд. Агар баргузории интихобот мувофиқи қонунгузорӣ аниқ шуд, мо ҳама чораҳоро ҳамчун мақомоти иҷроия мебинем, то ин маърака дар сатҳи хуб гузарад».

Дар ҳоле ки мардум аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ тақрибан бехабаранд, ҳизбҳои сиёсӣ низ дар ин самт фаъолияти назаррасе анҷом намедиҳанд. Маҳмадшариф Набиев, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, мувофиқи қонунҳои кишвар, онҳо ҳақ доранд, барои мардум ҳатто пеш аз муайян шудани санаи баргузории интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Аммо ӯ бо таассуф афзуд, ки ҳизби онҳо дар маҳал барои ин кор минбар надорад: «Мо ҳоло бо аъзои худ дар мавриди омодагӣ ба интихобот кор бурда истодаем. Ба онҳо мефаҳмонем, ки чӣ тавр бояд дар интихобот ба ҳайси нозир, интихобкунанда иштирок кунанд. Мо ҳақ дорем, ки ба мардум ҳам ин қонунҳоро фаҳмонем, аммо мутаассифона, ҳеҷ минбаре дар ихтиёри мо нест. Барои мо на дар телевизиони маҳаллӣ ҷой аст, на дар радио. Дар доираи имконоте, ки дорем ба мардум мефаҳмонем».

Аммо коршиносон мегӯянд, шӯру шавқе, ки ҳатто ду сол пеш аз интихоботҳо дида мешуд, ҳоло мушоҳида намешавад. Раҳмат Назаров, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, чун сокинон аз пеш натиҷаи интихоботро медонанд, дигар парвое надоранд, ки он кай баргузор мегардад: «Мардум дигар шӯру шавқ надорад, зеро медонад, ки дар интихобот кӣ пирӯз аст. Ҳоло ҳеҷ номзаде ҳам маълум нест, ки ба хотири он мардум аз интихобот огаҳӣ пайдо кунанд. Ягон нафар ҳам эълон накардааст, ки дар интихобот ширкат кунанд. Мардум аз таҷрибаҳои худ медонанд, ки овоздиҳӣ ва иштирок дар интихобот беҳуда аст, барои ҳамин дигар ин маърака барояшон муҳимияте надорад.»

Бетаваҷҷуҳии сокинон ва камрангии фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар робита ба “маъракаи муҳими сиёсӣ” дар ҳоле ба назар мерасад, ки тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG