Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Русия аз Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Русия аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон хостааст, ки ба баҳсҳо хотима диҳанд ва роҷеъ ба маҳали баргузории музокироти ҳастаӣ бо Эрон ба тавофуқ расанд. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия рӯзи душанбе гуфт, ҳар ду ҷониби музокира бояд ба рафтори кӯдаконаи худ хотима диҳанд. Лавров гуфт:

“Мо омодаем ҳар чӣ зудтар дар ҳар ҷои имкондошта мулоқот кунем. Мо бовар дорем, ки моҳияти музокирот муҳимтар аст, нисбат ба он, ки ҷои мулоқот бошад. Мо умедвор ҳастем, ки эҳсосоти муштарак бартарӣ пайдо мекунад ва мо мисли кӯдак рафтор нахоҳем кард”.

Лавров гуфт, вай муттаассиф аст, ки музокироти рӯзҳои 28-29 январ, ки дар Истамбул пешбинӣ шуда буд, ба таъхир афтодааст.

Эрон ва 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бар иловаи Олмон ҳар якеро барои ба таъхир андохтани музокирот гунаҳгор мекунанд.

Даври ахири музокироти ҷонибҳо роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуда буд ва он бидуни натиҷа ба поён расид.
XS
SM
MD
LG