Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз қатори Душанбе-Маскав 27 кило ҳероин мусодира карданд


Дар вилояти Астрахан ё Аштархони Русия марзбонони ин кишвар аз махфигоҳе дар қатори Душанбе-Маскав 27 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора Ирина Ғафурова-намояндаи раёсати марзбонии минтақа ба матбуоти Русия хабар додааст.

Ба гуфтаи Ғафурова, дар посгоҳи марзии истгоҳи Оқсарой ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои қатор саги марзбонон ин махфигогҳро пайдо кардааст.

Ғафурова гуфтааст, қочоқчиии эҳтимолии маводи мухаддир боздошт шудааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ҳамдастони вай идома дорад.

Бар асоси қонунҳои Русия, қочоқчии ин миқдор ҳероин то 20 сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.

Дар хабар аз қочоқчии эҳтимолӣ ва ё тобеияти вай ба кишваре ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG