Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 245 нафар дар маҳфили донишҷӯён дар Бразилия


Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як клуби шабонаи шаҳри Санта-Мария, воқеъ дар ҷануби Бразилия, ба 245 нафар расид. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Бар пояи хабарҳо, оташсӯзӣ дар маҳфили донишҷӯёни донишгоҳ рӯй додааст ва ҳангоми сӯхтор дар клуб 300-400 нафар ҷамъ омада буданд.

То ҳол сабаби рӯх додани оташсӯзӣ расман эълон нашудааст. Аммо расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки сӯхтор шояд аз оташбозии як гурӯҳи мусиқии рок сар зада бошад.
.
Раисиҷумҳури Бразилия Дилма Руссефф сафараш ба Чилиро қатъ кард ва ба ҷойи ҳодиса рафт. Ӯ бояд дар Чили дар нишасти сарони кишварҳои Амрикои Лотин ва Аврупо ширкат мекард.
XS
SM
MD
LG