Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Эрон мехоҳад, Ҳолокости дигареро алайҳи яҳудиён ба роҳ андозад"


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи якшанбе гуфт, Эрон мехоҳад Ҳолокости дигареро алайҳи яҳудиён ба роҳ андозад.

Бенямин Нетаняҳу дар ҳоле аз хатари "як Ҳолокости дигар аз сӯи Эрон алайҳи Исроил" сухан гуфт, ки рӯзи якшанбе (27-уми январ) бо рӯзи ҷаҳонии ёдбуди Ҳолокост рост омадааст. Созмони Милал соли 2005, баъд аз суханони Маҳмуди Аҳмадинажод -- раисиҷумҳури Эрон, ки қатли оми яҳудиҳоро рад карда буд, рӯзи 27-уми январро ба унвони рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳолокост таъин кардааст.

Дар қатъномаи Созмони Милал гуфта шудааст, ки Ҳолокост ҳамчун ҳодисаи таърихӣ набояд рад карда шавад ва мавзеъҳое, ки он ҷо қатли оми яҳудиҳо сурат гирифтааст, бояд чун ҷойҳои таърихӣ зери ҳимоят қарор бигиранд. Гуфта мешавад, замони қатли оми яҳудиҳо дар давраи ҷанги дувуми ҷаҳон дар баробари калонсолон якуним миллион кӯдакон ҳам кушта шудаанд.

Нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе инро низ гуфт, ки "яҳудиситезӣ ҳанӯз аз ҷаҳон рахт барнабастааст". Ҷаноби Нетаняҳу бо ишора ба ҳарфҳои Аҳмадинажод дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, "инкори Ҳолокост аз сӯи миллате анҷом мешавад, ки раҳбарони он аз минбари Созмони Милал ва минбарҳои дигари дунё Ҳолокостро рад мекунанд ва дар ҳамон ҳол заминаро, ба бовари худ, барои Ҳолокости дигаре омода месозанд.”

Нахуствазири Исроил дар идома афзуд, "Эрон аз талошҳои худ барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, ки ҳадафашро дар нобудии Исроил таъмин кунад, боз намеистад, вале мо ин хатарҳоро мутаваққиф хоҳем кард."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG