Пайвандҳои дастрасӣ

Филм дар бораи Pussy Riot - соҳиби ҷоизаи вижаи "Sundance"


Филми мустанади таҳиягарон Максим Поздоровкин ва Майк Лернер «Pussy Riot: панк-молебен» дар ИМА ба ҷоизаи махсуси ҷашнвораи синамои Sundance сазовор дониста шуд. Филм дар бораи гурӯҳи Pussy Riot аст, ки ду узви он баъди ҳунарнамоии эътирозӣ бар зидди Владимир Путин дар бузургтарин калисои Маскав соли гузашта бо ҷурми авбошӣ ва барангехтани нафрати динӣ ба муддати ду солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Филми таҳиягари серб Срдан Голубовича «Давраҳо» низ ҷоизаи махсуси ҷашнвораро гирифт.

Дар ҷашнвораи Sundance, ки дар шаҳри Парк-Сити (аёлати Юта) мегузарад, 119 филм аз 32 кишвар ширкат кард.
XS
SM
MD
LG