Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Чаҳор миллион суриягиҳо ба кӯмак ниёз доранд


Валерӣ Амос
Валерӣ Амос
Валерӣ Амос, раиси бахши кумакҳои башарии СММ, ба хотири баррасии вазъи башарӣ дар Сурия вориди Димишқ шуд. Тайи сафари дурӯза ӯ бо мақомоти олимартабаи Сурия, аз ҷумла, масъулини вазорати умури хориҷӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ин саввумин сафари хонум Амос ба Сурия баъд аз шурӯи ошӯб алайҳи режими раисиҷумҳур Башор Асад дар баҳори соли 2011 аст.

Ҳафтаи гузашта як ҳайати СММ аз манотиқи гуногуни Сурия дидан кард ва вазъи башариро “ваҳшатнок” номид. Бар иттилои Созмони Милал, айни ҳол 4 миллион суриягиҳо, аз ҷумла, тақрибан 2 миллион нафаре, ки аз минтақаҳои даргириҳо фирор карда, дар дигар мавзеъҳои Сурия мустақар шудаанд, ба кӯмаки фаврии башардӯстона ниёз доранд.

Баъд аз шурӯи низоъ дар Сурия, бар пояи арзёбии СММ, дар кишвар беш аз 60 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG