Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати HRHF барои раҳоии боздоштшудаҳо дар Боку


Созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар Human Rights House Foundation (HRHF) боздошти ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ алайҳи хушунат дар баробари эътирозгарон аз мавзеъи Исмоилиро маҳкум кард. Ин созмони мустақар дар Норвегия хостори фавран раҳо кардани ҳама афроди рӯзи шанбе боздоштшуда ва қатъи истифодаи мақомоти ҳифзи тартибот чун фишанги муҷозоти дигарандешон шуд.

Аз ин пеш бахши озарии Радиои Озодӣ хабар дод, миёни 50 нафари дар шаҳри Боку боздоштшуда блогнависи маъруф Эмин Миллӣ, ҳомии ҳуқуқи башар Малоҳат Насибова ва хабарнигор Хадича Исмоилова, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунанд, низ ҳастанд.

Рӯзҳои 23 ва 24 январ сокинони Исмоилӣ алайҳи "меҳмонони нохонда" аз Боку эътироз карданд, ки он ба бенизомиҳо печид. Эътирозгарон як тарабхона ва чанд мошинро ба оташ кашиданд.Полис ба хотири парокандасозии эътирозгарон аз гази ашковар истифода бурд.
XS
SM
MD
LG