Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Қандаҳор боиси ҳалокати 10 нафар шуд


Дар ҷануби Афғонистон бар асари таркиши мина дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҳодиса, ки шоми шанбе рӯй дод, ҳашт корманди полис ва ду нафари дар як амалиёт дар шаҳри Қандаҳор боздоштшуда ҷон бохтаанд.

Таркиш дар ҳоле ба амал омад, ки кормандони полис се нафари гумонбар дар ташкили ҳамлаи террористиро ба мошин шинонданд. Бар пояи бархе хабарҳо, нафари сеюм аз боздоштшудаҳо ҷон ба саломат бурдааст. Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Аз ин пеш бар асари таркиши як маргталаб дар вилояти Қундуз ҳам даҳ нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG