Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз монополист шудани ширкатҳои русӣ ҷилавгирӣ кардем"


Акс аз бойгонии "Озодӣ"
Акс аз бойгонии "Озодӣ"

Хадамоти зиддимонополӣ боло бурдани қимати зангҳо аз Тоҷикистон ба Русияро "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" донист.

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон, ки дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ду ширкати русӣ мехостанд қимати тарифҳои расман таъйидшуда ба зангҳои байналмилалиро поён баранд. Ба қавли ӯ, "ширкатҳои русӣ ва зерширкатҳои онҳо, ки бо тамғаи "Билайн" ва "Мегафон" дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо истифода аз мавқеи худ байни ҳам пешакӣ маслиҳат карда, схемаҳои муайянеро роҳандозӣ карданд, ки онҳоро дар қиёс бо дигар ширкатҳо дар вазъи фоиданоктар қарор медод. Ширктаҳо аз Маскав ба "бегонаҳо" нома фиристоданд, ки қимати зангҳои даромад аз онҳо ба Русияро боло мебаранд. Ширкатҳои дигар дар пайи ин рақобати носолиме, ки аз сӯи ширкатҳои русӣ ба миён омад, зиён диданд."

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон соли 2012 қимати зангҳои баромади байналмилалиро аз 1 то 6 сенти қаблӣ ба 10 ва сипас бо иловаи андоз аз арзиши изофа ва аксизи нав ба 12 сент боло бурданд.
Дар ин миён, бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ширкатҳои "Таком" ва "ТТ-мобайл", ки бо тамғаҳои "Билайн" ва "Мегафон" фаъолият мекунанд, ба хотири ҷалби бештари муштариён аз миёни муҳоҷирон дар Русия қимати зангҳои даромадро барои ширкатҳои дигари мобилӣ дар Тоҷикистон - «Тселл», «Вавилон – М», «ТК – мобайл» ва «Тоҷиктелеком» боло бурданд. Ин вазъ норизоиятии ахириҳоро ба бор овард ва ҳамагӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ шикоят карданд. Хадамот ширкатҳои русиро огоҳӣ дод, аммо онҳо нодида гирифтанд. Алайҳи ширкатҳои «Таком» ва «ТТ – мобайл» аз рӯи моддаи 4 – уми Қонуни рақобат ва ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои моли Тоҷикистон парвандаи истеҳсолӣ боз шуд. Онҳоро Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчун вайронкунандаи қонунгузории инҳисорӣ гунаҳкор карда, 95 ҳазор сомонӣ даромади аз ин ҳисоб ба даст овардаашонро ба нафъи буҷа ситонд.

Ширкатҳои мобилӣ аз 1 ноябри соли 2012 қимати зангҳои баромади байналмилалиро боло бурданд. Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бо гузашти се моҳ шикояте аз ягон ширкат ба хадамот ворид нашудааст, яъне дастури мақомот дуруст иҷро мешавад. Дар ҳамин ҳол, як корманди ширкати алоқаи мобилӣ, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, муоширати мардуми Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия ба далели боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ кам шудааст.

Ӯ гуфт, ҳоло мардум мекӯшанд камтар сӯҳбат кунанд, ё аз ҳисоби пайванди муҳоҷир, ё донишҷӯяшон. Вай афзуд, бо он вуҷуд ки муҷозоти ширкатҳои русӣ ба нафъи бозору буҷа арзёбӣ шавад, дастури мақомот барои мардуми оддӣ нафъе надошт.
Дар ҳамин ҳол, Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, таъмини имкониятҳои баробар барои рушди бозори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз рӯи адолат роҳандозӣ шудааст: "Бале, ин ба нафъи он муштариёне нест, ки хизматрасонии мазкурро зиёд истифода мекунанд. Аммо иқтисоди бозорӣ маънии худро гум мекунад, вақте арзиши як маҳсулот воқеӣ набошад. Ширкатҳои мобилӣ ҳам хароҷоти зиёд доранд, аз ин хотир, онҳо ҳам бояд фоида бинанд ва технологияи навтаринро ворид кунанд. Яъне танҳо дар бораи қимати як дақиқа гап намеравад. Қимати ҷорӣ аз рӯи адолат аст. Бо назардошти воқеиятҳои Тоҷикистон ин нархи аз ҳама минималӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ба хотири нафъи муваққатии мардум бозори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистонро наметавон дар ихтиёри Русия гузошт, яъне мавзӯъ фаротар аз иқтисоду бозор аст. Дар Тоҷикистон шаш ширкати мобилӣ умдатан бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло маълум аст, ки Beeline ва "Мегафон-Тоҷикистон" бо сармояи русӣ ва Tcell бо сармояи Телла - Сонераи Шведсияву Бунёди Оғохон мечарханду ва ТК – Мобайл – ро Чин бунёд гузоштааст. Дар бораи вуҷуди бунёди хориҷии «Тоҷиктелеком» ва «Вавилон – М» мо иттилои дақиқе пайдо накардем.
XS
SM
MD
LG