Пайвандҳои дастрасӣ

Милош Земан раисиҷумҳури Чехия интихоб шудааст


Милош Земан

Милош Земан

Бар пояи иттилои пешакӣ, нахуствазири пешини Ҷумҳурии Чех раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардидааст.

Милош Земан, узви Ҳизби сотсиал-демократ ва нахуствазири собиқи Ҷумҳурии Чех, бар пояи иттилои расмии пешакӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз шудааст. Дар давраи дувуми интихоботи президентӣ аз ӯ тақрибан 56 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Рақиби ӯ, собиқ вазири умури хориҷии Чехия, муҳофизакор Карл Шварсенберг 44 дарсади овозҳоро дарёфт кард. Даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи ҷумъа шурӯъ шуда буд, рӯзи шанбе поён ёфт ва бар пояи иттилои пешакӣ, дар овоздиҳӣ камтар аз нисфи афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд.

Дар даври аввал Земан бо тахминан 25% овозҳо дар ҷои аввал ва Карел Швартсенберг бо тахминан 22% овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифта буданд.

Мӯҳлати раёсати сарвари феълии давлат Ватслав Клаус 7-уми март поён меёбад. Ватслав Клаус ду давра раисҷумҳури Чехия буда, тибқи қонун дигар наметавонад барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзад.Бори аввал раисиҷумҳури Чехия аз тариқи овоздиҳии умумӣ интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG