Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон аз мавқуф гузоштани музокирот интиқод кард


Алӣ Боғирӣ ва Ҳелга Шмид

Алӣ Боғирӣ ва Ҳелга Шмид

Мақомоти эронӣ кишварҳои абарқудратро дар он айбдор намуданд, ки санаи баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишварро то моҳи феврал мавқуф гузоштанд.

Расонаҳои эронӣ аз қавли Ҳелга Шмид, намояндаи раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, навиштаанд, ки кишварҳои абарқудрат барои дар моҳи январ баргузор кардани гуфтушунид омода нестанд. Алӣ Боғирӣ, намояндаи раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, дар навбати худ, хостори доир намудани гуфтушунид дар ҳамин моҳ шудааст.

Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон чанд моҳ боз масоили марбут ба давраи нави музокирот оид ба барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Теҳрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад. Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

Иттиҳодияи Аврупо дар баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон аз сӯи ИМА, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон миёнҷигарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG