Пайвандҳои дастрасӣ

Вилоятӣ гуфт, "ҳамла ба Сурия, ҳамла ба Эрон аст"


Алӣ Акбар Вилоятӣ

Алӣ Акбар Вилоятӣ

Мушовири умури байналмилалии раҳбари Эрон кишварҳои ғарбиро ҳушдор додааст, ки «ҳамла ба Сурия, ҳамла ба Эрон» ба шумор меравад.

Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ, ки рӯзи шанбе мунташир шуд, нақши Сурияро дар минтақа «бисёр асосӣ ва калидӣ» донистааст. Ӯ гуфтааст, "ба ҳамин далел, ҳамла ба Сурия, ҳамла ба Эрон шумурда мешавад.»

Вилоятӣ бо изҳори ин ки ғарбиҳо «бо ҳамла ба Сурия ба ҳалқаи тиллоии муқовимат ҳамла карданд», афзуд ки Эрон ба дунболи ҳифзи «занҷираи муқовимат» аст ва аз Фаластин, муқовимати Лубнон, ҳокимияти тарафдорони муқовимат дар Сурия ва ҳукумати бархоста аз мардуми Ироқ, ҳимоят менамояд.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки муовини фарҳангӣ ва таблиғотии Сипоҳи посдорони Эрон чанд моҳ қабл бо ишора ба паймони низомии Сурия бо Эрон гуфта буд, дар сурате, ки Амрико ба Сурия ҳамла кунад, Эрон бо ҳамроҳи муттаҳидони Сурия, вориди амал мешавад.»

Эрон ва Сурия дар шаш соли пеш бо ҳадафи муқобила ё «таҳдидҳои муштараки Амрико ва Исроил» тавофуқномаи дифоиро ба имзо расонданд, ки ин паймон бо имзои як тавофуқномаи дифоии нав дар се соли пеш, тақвият шуд.

Эрон аз муттаҳидони Башор Асад ба шумор меравад ва дар ҷараёни 22 моҳи нооромӣ дар Сурия, ҳамвора ҷониби давлати Димишқро гирифта ва гуфтааст, иҷозаи сарнагунии режими Башор Асадро намедиҳад.

Ба гуфтаи СММ, то кунун беш аз 60 ҳазор нафар дар асари нооромиҳои Сурия кушта шудаанд ва беш аз 650 ҳазор нафар низ ин кишварро тарк кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG