Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми 21 муҷрими бенизомиҳо дар Порт-Саид


Додгоҳе дар Миср 21 нафарро аз рӯи парвандаи бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид маҳкум ба эъдом кард. Ҳукми додгоҳ дар бораи 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон мешавад.

1 феврали соли гузашта бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи меҳмон ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд.

Имрӯз аз Миср ҳамчунин хабар расид, ки ба хиёбонҳои шаҳри Суэц низомиён ва тонкҳо ворид шуданд то аз идомаи бенизомиҳо дар дуввумин солгарди ошӯб зидди режими Ҳуснӣ Муборак ҷилавгирӣ кунанд. Бархӯрди тазоҳургарон ва полис дар ин шаҳр рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд. Дирӯз дар ин гуна бархӯрдҳо дар шаҳрҳои гуногуни Миср ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз 400 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Эътирозгарон аз раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ барои он домангиранд, ки ба ваъдаҳои худ содиқ нест. Сарвари давлат аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз хушунат даст бардоранд ва назари худро аз роҳи осоишта баён созанд.
XS
SM
MD
LG