Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии ду гурӯҳи ифротгаро 24 кушта бар ҷой гузошт


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи мусаллаҳ дасти кам 24 нафар кушта шуданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, задухӯрдҳо рӯзи ҷумъа баъди он шурӯъ шуданд, ки гурӯҳи "Таҳрики Толибон" як пойгоҳи гурӯҳи "Ансор-ул,Ислом"-ро дар минтақаи қабиланишини Хайбар тасарруф кард. Рӯзи шанбе мусаллаҳони "Ансор-ул,Ислом" талош карданд, ки водии Тираҳро дубора зери назорати худ қарор диҳанд.

Бар пояи хабарҳо, миёни кушташудагон намояндагони қабилаҳои маҳаллӣ низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG