Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар дуввумин солгарди инқилоби Миср, ки ба сарнагунии низоми Ҳуснӣ Муборак анҷомид, ин кишвар шоҳиди даргирии ҳазорон нафар аз эътирозкунандагон бо нерӯҳои аниятӣ дар манотиқи мухталиф буд.

Тибқи гузоришҳо, дар даргириҳои рӯзи ҷумъаи 25-уми январ, дастикам 9 нафар кушта шудаанд. Ин даргириҳо дар чандин минтақа, аз ҷумла Қоҳира, Суетс, Искандария, Исмоилия, Дамёт рӯй дод.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, манобеи бемористонии Миср гуфтаанд, ки ҳашт нафар дар шаҳри Суетс кушта шуданд, ки яке аз кушташудагон аз нерӯҳои пулиси Миср буд. Тибқи гузоришҳо як нафари дигар дар Исмоилия кушта шудаааст.

Ба гузориши Ройтерз, пас аз даргириҳои рӯзи ҷумъа дар Суетс, нерӯҳои артиш дар ин шаҳр мустақар шудаанд.Тибқи ин гузориш, мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки дар ин даргириҳо 280 ғайринизомӣ ва 55 тан аз нерӯҳои амниятӣ низ захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Ройтерз аз даргирӣ миёни мухолифон ва нерӯҳои амниятӣ дар муқобили Кохи раёсати ҷумҳури Миср дар Қоҳира хабар додааст. Дар ин даргирӣ, нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз гази ашковар истифода карданд.

Дувумин солгарди инқилоби Миср, нишонгари мизони шикоф дар ҷомеаи ин кишвар миёни исломгароёни ҳоким ва мухолифони секулори онҳо аст. Муътаризон Муҳаммад Мурсиро муттаҳам мекунанд, ки аз демократияи навпои Миср ба фоидаи гурӯҳи "Ихвонулмуслиин" истифода мекунад.

Мухолифони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср мегӯянд, ҳадафҳои қиёмҳои мардумӣ барои таъсиси демократия дар ин кишвар амалӣ нашудаанд.
Инқилоби ду соли пеши Миср бо шиорҳои “Нон, озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва каромати инсонӣ” барпо шуд. Бисёре аз мисриҳо мегӯянд, ки ин шиорҳо амалӣ нашуданд.

Ҷабҳаи наҷоти милии Миср, ки дар он ҷамъи бузурге аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ҳузур доранд, мардумро ба тазоҳуроти рӯзи ҷумъа даъват карда буд. Муҳаммад Ал-Бародаӣ дар паёме мардумро даъват ба идомаи инқилоби Миср то расидан ба ҳадафҳои он карда буд.

Аз миён бардоштани Қонуни асосии кунунии Миср ва тадвини Қонуни асосии фарогир, яке аз муҳимтарин хостаҳои мухолифони Миср аст. Аз замони эълони натиҷаҳои ҳамапурсии Қонуни асосӣ, мухолифони Миср таъкид кардаанд, ки ҳама талошҳои худро барои аз миён бардоштани он, ба кор хоҳанд баст.
XS
SM
MD
LG