Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи таҳқиқи қатли як ҷуфти тоҷик дар Русия


Мақомоти интизомии Русия таҳқиқи қазияи марги як ҷуфти тоҷикро идома медиҳанд, ки рӯзи 21 январ аз тарафи афроди номаълум дар шаҳри Екатеринбург кушта шудаанд. Раёсати кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск бо нашри баёнияе дар торнамои худ хабар додааст, ки Зокир Гулови 23-сола ва Оишамо Қаландароваи 22-соларо шаби 21-уми январ дар хонаи иҷораашон дар кӯчаи Дзержинский дар ноҳия Нижний Тагил бо захми теғ пайдо кардаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти интизомии Русия, дипломатҳои тоҷикро аз ин қазия огаҳ кардаанд. Ҳарду ҷавон сокинони ноҳияи Ваҳдат будаанд ва консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург тадобири лозим барои интиқоли ҷасади онҳо ба ватанро меандешад. Муфаттишони Русия, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, хеши ин ҷуфтро, ки аз марги онҳо ба маъмурони милиса хабар додааст, бозпурсӣ кардаанд. Як фарзияи муфаттишони Русия қатли зан аз дасти шавҳар ва сипас худкушии мард будааст.
XS
SM
MD
LG