Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ҳастаӣ бо Эрон ба таъхир меафтад


Музокироти миёни шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар дигарбора ба таъхир афтодааст. Як дипломати аврупоӣ рӯзи ҷумъа гуфт, ки даври нави гуфтӯгуҳо ғолибан моҳи феврал баргузор хоҳад шуд, на январ. Мақомоти Эрон ва дипломатҳои аврупоӣ чанд моҳ боз аст, ки барои барномарезии даври нави музокирот гуфтӯгу доранд. Ба гуфтаи дипломатҳои аврупоӣ, Эрон дар масъалаи рӯзу макони музокирот ба қароре наомадааст. Иттиҳодияи Аврупо барои музокироти Эрон бо Амрикову Чин, Русияву Бритониё ва Фаронсаву Олмон миёнҷигарӣ мекунад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Эрон ин иддаъоҳоро пайваста рад кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG