Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳурот дар Миср 5 нафар кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо аз Миср, дар даргирии тазоҳургарон ва маъмурони пулис дар шаҳри Суетз, дасти кам 5 нафар кушта шудаанд. Дар ин раҳпаймоиҳо ба муносибати дуввумин солгарди қиёми мардумӣ дар Миср дасти кам 300 нафари дигар захм бардоштаанд. Соли 2011 тазоҳуроти густурдаи мардум ба ҳукумати тӯлонии раиси ҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар ин кишвар хотима дод. Хабаргузории "Ройтерз" аз қавли мақомоти Миср навиштааст, ки рӯзи ҷумъа дар натиҷаи бархӯрдҳо дар саросари кишвар 280 тазоҳургар ва 55 маъмури пулис захмӣ шудаанд. Мухолифони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср мегӯянд, ҳадафҳои қиёмҳои мардумӣ барои таъсиси демократия дар ин кишвар амалӣ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG