Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти алоқа матбуоти электрониро ба ҳамкорӣ даъват кард


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ тайи як муроҷиат ба намояндагони ВАО-и кишвар гуфт, ки хоҳони бастани ҳеҷ як сомона нест, агар, ки дар кори онҳо қонуншиканӣ ҷой надошта бошад.

Дар ин муроҷиатнома ба масъулони сомонаҳову саҳифаҳои интернетӣ таъкид шудааст, ки дар кори худ масъулияти бештар зоҳир кунанд ва ба таҳқиру туҳмат дар сомонаҳои худ роҳ надиҳанд. “Дар чунин ҳолат- гуфтааст Хадамоти алоқа, “ҳеҷ нофаҳмие дар байни истифодабарандагон ва танзимгарони интернет боқӣ намемонад.

Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муроҷиатнома мегӯяд, ки «Интернет бояд чунон мавриди истифода қарор гирад, ки сабаби пайдо шудани низоъҳои дохилӣ ва беруна нагардад. Мутаассифона, имрӯз Интернетро баъзеҳо ба минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил додаанд, ки бояд ин амали онҳо маҳкум шавад.»

Дар идомаи ин санад гуфта мешавад, ки «дар даҳҳо кишварҳои мутараққии дунё фаъолияти сомонаҳоеро, ки ташвиқоти зиддидавлатӣ мебаранд, ба таҳқиру ҳақорат машғуланд, амалҳои экстремистиро ташвиқ мекунанд, созмонҳои террористиро дастгирӣ менамоянд, маҳдуд ва ҳатто бозмедоранд, ки Тоҷикистони мо низ аз ин рӯйхат истисно нест.»

Хадамоти алоқа аз васоити ахбори умум даъват кардааст, ки "дастовардҳои интернетро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода баранд ва аз сиёсати пешвоёни кишвар огоҳ гарданд."

Муроҷиати Хадамоти алоқа ба намояндагони матбуоти электронӣ дар ҳоле пахш шудааст, ки дар авохири соли гузашта Иттиҳоди Аврупо аз масдуд шудани як идда сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумати ин кишвар даъват намуд, ки бар пояи қавонини байналмилалӣ ба озодии матбуот ва озодии баён мусоидат кунад.

Намояндагии Иттиҳоди Аврпуо дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар таърихи 6 уми декабр аз масдуд шудани сомонаҳои Фейсбук, Ютуб, Радиои Озодӣ ва сомонаҳои дигар изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ҳарчанд бархе аз ин сомонаҳо баъдан дубора фаъол шудаанд, вале маҳдудиятҳои монанди ин, зуд-зуд рух медиҳанд ва ин нигарониҳоеро аз вазъияти озодии матбуот ба миён овардааст.

Намояндагии Иттиҳоди Авррупо гуфтааст, интернет бояд форуми табодули маълумот ва идеяҳо боқӣ бимонад ва аз ин рӯ, аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват кард, ки фаъолияти пурра ва ҳамвори сомонаҳои интернетиро таъмин кунад.

Хадамоти алоқа аз пешрафт дар кори ин соҳа ситоиш кардааст ва гуфтааст, ки агар то охири солҳои навади асри гузашта дар кишвар танҳо як ширкати таъминкунандаи Интернет ва 1 оператори алоқаи рақамӣ вуҷуд дошта, ҳоло беш аз 10 ширкат ба корбарандагон хизмат мерасонанд. Хадамоти алоқа теъдоди корбарои интернет дар Тоҷикистон бо истифода аз интернети мобилиро 3,7 миллион ва истифодабарандагони фаъоли алоқаи мобилиро 4,7 миллион нафар мегӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG