Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҷавон дар шаҳри Истаравшан зимни боздошт аз тарафи маъмурони пулис худро тарконда ба ҳалокат расондааст.

Ин ҳодиса ҳудудан як ҳафтаи пеш, рӯзи 19 январ рух дод. Ба гуфтаи сокинони кӯчаи Гулистони шаҳри Истаравшан, як мард дар яке аз хонаҳои ин кӯча ҳангоми дастгир шуданаш аз тарафи кормандони интизомӣ худро тарконида ба ҳалокат расонидааст.

Кӯчаи хурди Гулистон дар канори шаҳри Истаравшан, дар баландӣ ҷойгир буда, аз хонаҳои оддии якошёна иборат аст.

Хонае, ки ҷавон дар дохилаш худро таркондааст

Хонае, ки ҷавон дар дохилаш худро таркондааст

Сокинони ин маҳалла дар суҳбатҳои сарироҳӣ мегуфтанд, ки аз ҳодисаи худро таркондани ҷавоне хабар доранд, аммо аз ҷузъиёти он огоҳ нестанд. Дари манзиле, ки ба гуфтаи сокинони ин мавзеъ дар он таркиш рух дода буд, ҳоло баста аст.

Самеъҷон, ном сокини манзили девордармиён ба “Озодӣ” ҳодисаро чунин нақл кард: “Қарибиҳои нимрӯзӣ дар хона менишастам, ки аввал овози тирпарронӣ баромад, сонӣ садои таркиш баланд шуд. Берун шудам, ки милисаҳои бисёр ҳавлии ҳамсояаму кӯчаро иҳота кардаанд. Дар ин ҳавлӣ Раҳмат ном ҳамсояамон зиндагӣ мекард, аммо вай ягон чор моҳ намедонам ба куҷое кӯчида рафта буд, ҳафтаи гузашта шунидем, ки вай бо милисаҳо дар Конибодом тирпарронӣ карда кушта шудааст. Вақтҳои охир гоҳ - гоҳ домодаш, Умед ба ин ҳавлӣ омадурафт мекард. Ҳамин тавр, то соати шаши бегоҳ милисаҳо намонданд, ки аз хона бароем.”

Хабари таркиш дар Истарафшан дар ҳоле пахш шуд, ки ахиран ходимони амнияти Тоҷикистон амалиётеро бар зидди гурӯҳи ба гуфтаи онҳо марбут ба Ҳаракати Исломии Узбакистон дар қисмати шимоли кишвар рӯи даст гирифтанд. Дар ин амалиёт беш аз 10 тан боздошт шудааст. Гуфта шуд, ки баъзе намояндагони ин гурӯҳ дар маҳаллаҳо дар хонаҳои иҷора пинҳон будаанд.

Насим Рафиев, котиби кумитаи маҳаллаи Гулистон ва яке аз шоҳидони камшумори ҳодисаи таркидани як ҷавон ҳангоми боздошт дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки “чун дар ҳамсоягии ҳавлии Раҳмат зиндагӣ мекунам, милисаҳо маро ҳам ба ҷойи ҳодиса даъват карданд. Ба чашмам дидам, ки Умед, фамилияаш аниқ намедонам, Назаров ё Назиров, худашро тарконд. Баёнот навиштам, ки вай худашро тарконидаст.”

Котиби кумитаи маҳаллаи Гулистон афзуд, мақомоти интизомӣ вайро ба гумони ҳамдастӣ бо падарарӯсаш, Раҳмат, ки ба милисаҳо тир кушода буд, дастгир кардаанд. “Умед аслан аз маҳаллаи дигар аст, ному насаби вай дар рӯйхати истиқоматкунандаҳои кӯчаи мо сабт нест. Барои ҳамин дар бораи вайю кораш маълумоти зиёде надорам.”


Ба гуфтаи сокинони кӯчаи Гулистони Истаравшан, Раҳмат ҳамон нафарест, ки рӯзи 14 -уми январ дар Конибодом пулисҳои раҳбонро аз туфангча ҳадафи тир қарор дода, якеро кушта ва дигариро захмӣ намуда буд.

Бино ба маълумоти Раёсти корҳои дохилии Суғд, нафари ҳамлавар рӯзи 15-уми январ бо гурӯҳи пулис, ки мехостанд ӯро дастгир кунанд, муқобилияти мусаллаҳона нишон дод ва аз тири ҷавобӣ кушта шуд. Мақомот мегуфтанд, ҳамлавари дуввум ба корманони пулис, дар Конибодом таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад. Додситонии Суғд ин афродро мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) эълон кард, ки яке аз онҳо аз чанд муддат пеш таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштааст.

Бо гузашти як ҳафта аз худро тарконидани Умед Назиров дар Истаравшан мақомот ба далели “халалдор накардани ҷараёни тафтишот” аз суҳбат дар ин бора худдорӣ меварзанд.

Аммо рӯзи ҷумъаи 25 - уми январ, ҳангоми сафар ба Истаравшан сокинони зиёде гуфтанд, ки баъд аз таркиши интиҳорӣ дар кӯчаи Гулистон, мақомот бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр суҳбатҳо баргузор намуда, онҳоро ба худдорӣ аз гаравидан ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша даъват кардаанд. Мақомот аз масъулони кумитаи маҳаллаҳо ва сокинон дархост кардаанд, дар ҳолати пайдо шудани шаҳрвандони шубҳаноки бе сабти ном дар ҳамсоягиашон, пулисро дар ҷараён гузоранд.

Бори дуюм аст, ки дар вилояти Суғд нафаре ҳангоми дастгир шудан аз ҷониби кормандони интизомӣ худро бо норинҷак мунфаҷир кардааст. Чанд сол пеш дар ноҳияи Исфара хонуми дигаре, яке аз раҳбарони ҲИУ худро тарконд, вале ба ходимони пулис таслим нашуд.

Инчунин тирамоҳи соли 2010 Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, бо автомобили ГАЗ – 2104, ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар шаҳри Хуҷанд ворид шуд ва худро мунфаҷир кард. Дар ин ҳодиса 4 тан кушта ва 28 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар пайи ин мақомот 53 нафар, асосан сокинони Истаравшанро барои даст доштан дар ин ҷиноят ва мансубият ба ҲИУ гунаҳкор донистанд ва ба муҳлатҳои гуногун, аз ҷумла 5 нафарро барои ҳабси абад ба зиндон фиристоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG