Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон баъди нокомӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 барои ҷойҳои 5- 8-ум аз тими Молдова бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи ҷумъа, 25-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 12-ум Карп Кэтэлин, бозигари тими Молдова, боз кард. Баъди зарбаи ӯ аз масофаи тахминан 10 метр дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Бердиев маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Фирдавсӣ Қурбонов, ҳамлагари дастаи Тоҷикистон, дар дақиқаи 42-юм тӯби ҳавододаи ҳамдастааш Шодибек Ғаффоровро бо сар вориди дарвоза намуд ва ҳисобро баробар кард.
Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум боз ҳам Карп Кэтэлин аз масофаи наздик голи дувуми дастаи Молдоваро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Николай Немеренко дар дақиқаи 79-ум зад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Фаррух Бердиев, Фуруғ Қодиров, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Руслан Тиллоев, Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Назаров, Шодибек Ғаффоров, Фирдавсӣ Қурбонов.

Дар нимаи дувуми бозӣ панҷ нафар иваз шуданд. Ҳимоятгар Фуруғ Қодировро Наим Улмасов (дақиқаи 31-ум), нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро Расул Файзов (59), ҳамлагар Шодибек Ғаффоровро Шамсиддин Қосимов (78), ҳимоятгар Руслан Тиллоевро Шавкати Ҳотам (84) ва дарвозабон Фаррух Бердиевро Эмомалӣ Сониев (88) иваз карданд.
Пеш аз ин бозӣ дастаи Қазоқистон бар мунтахаби Узбакистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ба ин тартиб дар рӯзи охирини мусобиқа, 27-уми январ дастаҳои Қазоқистон ва Молдова барои ҷойҳои 5-уму 6-ум, тимҳои Узбакистон ва Тоҷикистон барои ҷойҳои 7-уму 8-ум талош хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи беҳтарин муборизаро барои Ҷоми Иттиҳод идома доданд. 25-уми январ дар нимфинал Украина бар Литва ва Русия бар Беларус бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013 дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Русия ва Украина, ки шаби якшанбе, 27-уми январ барпо мегардад, муайян хоҳад шуд. Пеш аз бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбе бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум миёни дастаҳои Беларус ва Литва баргузор мешавад.

Рӯзи шанбе, 26-уми январ дастаҳои Эстония ва Қирғизистон барои ҷойҳои 9-уму 10-ум, тимҳои Туркманистон ва Латвия барои ҷойҳои 11-уму 12-ум қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод-2013

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. Беларус – Қазоқистон – 2:1
20) 14:15. 1/4 финал. Тоҷикистон – Литва – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4)
21) 16:30. 1/4 финал. Украина - Молдова - 5:0
22) 19:00. 1/4 финал. Русия - Узбакистон- 2:0

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон - 2 : 1
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия - 1 : 1 (аз рӯи пеналтӣ - 5 : 3)

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Узбакистон – Қазоқистон – 3:2
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Тоҷикистон – Молдова – 1:3
27) 16:30. Нимфинал. Литва – Украина 1:2
28) 19:30. Нимфинал. Русия – Беларус – 2:1

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Туркманистон - Латвия
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Эстония - Қирғизистон

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум. Узбакистон - Тоҷикистон
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Қазоқистон - Молдова
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Беларус - Литва
34) 19:00. Финал. Русия - Украина
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG