Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба сокинони Сӯх


Корвони кӯмакҳои башарӣ равонаи Сӯх ва Шоҳимардон ҳастанд.
Корвони кӯмакҳои башарӣ равонаи Сӯх ва Шоҳимардон ҳастанд.

Баъд аз зӯҳри ҷумъа нахустин 31 мошини ҳомили маводи башарии Узбакистон аз қаламрави Қирғизистон убур карда, вориди ҷазирақаламрави Сӯх шуд.

Дар ҳамин рӯз, 16 мошини дигари кӯмакҳои иборат аз ғизову маводи сӯхт ва маҳсулоти дигар ба Шоҳимардон – боз як ҷазирақаламрави Узбакистон дар дохили Қирғизистон – фиристода шудааст. Ин ду минтақа, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, дар дохили вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Узбакистон дар иваз марзҳояшро барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ барои Барақ - танҳо ҷазирақаламрави Қирғизистон - боз кард ва бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ, нахустин корвони ёриҳо ба Барақ алакай расидааст. Ин рустои ҷамъияташ тақрибан 1500 нафарба ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш тааллуқ дошта, дар тақрибан 1,5-километрии умқи қаламрави вилояти Андиҷони Узбакистон қарор дорад.

Корвоне ки ба Сӯх мерафт, ҳанӯз субҳи ҷумъа аз гузаргоҳи Водил, воқеъ дар марзи байни Фарғонаи Узбакистон ва Пулгон вориди Қирғизистон шуда буд, вале ин 31 мошин барои расидан ба марзи ин ҷазирақаламрави аксаран тоҷикнишин, ки дар тақрибан 30-километрии умқи қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст, чандин соатро масраф кард.

Ҷониш Ҳайдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар вилояти Бодканд дар як тамоси телефонӣ гуфт: “Ин корвон алакай аз қаламрави Қирғизистон гузашт ва ба Сӯх ворид шуд. Ин корвон иборат аз 31 мошини КАМАЗ аст, ки аз тарафи марзбонони қирғиз пурра тафтиш шуданд ва тавре мегӯянд, дар ин мошинҳо ягон бори низомӣ ё машкук нест. “

Озодӣ: Оё сабаби чунин таъхири зиёди корвон дар марзи Қирғизистон ҳамин тафтиш буд?

Ҷониш Ҳайдаров: “Бале, дар воқеъ иллат ҳамин буд. Дар ин корвон чанд мошини низомӣ ҳам ҳаст ва дирӯз овозае бархост, ки шояд мехоҳанд дар зери либоси ёриҳои башарӣ ба Сӯх силоҳ бифиристанд. Ин мошинҳои низомиро сахт тафтиш карданд.Корвонро аз марзи Узбакистон то Сӯх нирӯҳои интизомии Қирғизистон ҳамроҳӣ карданд ва дар роҳ ягон ҳодисаи фавқулодда рух надодааст.”

Озодӣ: Албатта, боз кардани роҳ барои ёриҳои башарӣ кори савоб аст, вале оё мақомот дар ин бора ки оё вазъ дар атрофи Сӯх кай ба ҳолати оддиаш бар хоҳад гашт ва марзҳову роҳҳои минтақа кай пурра боз хоҳанд шуд, чизе намегӯянд?

Ҷониш Ҳайдаров: “Ҳанӯз маълум нест. Музокироте, ки рӯзи 22 январ гузашт, танҳо даври аввали чунин гуфтугӯҳо буд. Тавре ба ман гуфтанд, феълан музокирот пиромуни боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ идома дорад, вале ҳанӯз натиҷае наовардааст.”

Танишҳо бар сари ҷазирақаламравҳо байни Узбакистону Қирғизистон дар пайи задухӯрдҳои рӯзҳои 5-6 январ байни сокинони Сӯхи умдатан тоҷикнишин ва марзбонони қирғиз ва гаравгонгирии то 30 қирғиз шиддат гирифт. Гаравгонҳоро рӯзе баъд раҳо карданд, вале дар пайи ин моҷаро марзҳо баста шуд.
XS
SM
MD
LG