Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алмаато. Боздошти мушовири пешини Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон


Нерӯҳои пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Нерӯҳои пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Собиқ мушовири раиси Намояндагии тиҷоратии сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шудааст.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 25--уми январ бо пахши як баёния итилоъ дод, ки рӯзи 23-юми январ дар Алмаато шаҳрванди 41- солаи Тоҷикистон, ки қаблан ба 17 сол зиндон маҳкум шуда буд, аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар боздошт шудааст.

Дар ин хабари дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Қазоқистон ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон зикр нашудааст, аммо расонаҳои хабарии дигари Қазоқистон бо такя ба мақомоти умури дохилаи ин кишвар гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 1997 ба Алмаато омада, ҳамчун мушовири раиси намояндагии сафорати Тоҷикистон фаъолият кардааст ва номи вай Тоҳир Неъматов мебошад

Дафтари матбуоти ВУД-и Қазоқистон мегӯяд, дар авоили ҳамин ҳафта, аз кисаи курткаи Тоҳир Неъматов як бастаеро пайдо мекунанд, ки дар дохили он ҳероин будааст. Ва вақте, ки борхалтҳаои ӯро аз назар мегузаронанд, се бастаи маводи мухаддир ошкор мешавад. Кормандони умури дохила вақте, ки гаражи мошини зани ӯро тафтиш мекунанд, дар дохили он аз даруни як қуттӣ 21 баста маводи мухаддир кашф мешавад.

Дар натиҷаи ташхис мешавад, ки дар даруни бастаҳо 14 килову 395 грам ҳероин мавҷуд будааст. Дар ҳоли ҳозир барои ошкор кардани шабакаи интиқоли ин миқдор маводи мухаддир гуруҳи махсуси Вазорати корҳои дохлии ин кишвар сафарбар шудааст.

Бархе аз расонаҳои хабарии Қазоқистон бо такя ба мақомоти амниятии ин кишвар аз собиқ мушовири раиси Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон Тоҳир Неъматов ном мебаранд, ки вай ба ҳодисаи кашфи 56 кило маводи мухадир дар мошини раиси ин намояндагӣ дар моҳи майи соли 2000-ум рабт доштааст. Ронандаи мошини раиси Намояндагии тиҷоратии сафорати Тоҷикистон он вақт баёнот дода будааст, ки раиси намояндагӣ дар қочоқи 56 кило маводи мухаддир даст дорад.

Мақомоти амниятии Қазоқистон Тоҳир Неъматовро барои пинҳон кардани 86 кило ҳероин ба додгоҳ кашида, 17 сол аз озодӣ маҳрум карданд ва барои иҷрои давраи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Аммо дар соли 2010 Тоҳир Неъматов аз маҳбас озод мешавад ва боз дубора ба Қазоқистон меояд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохили Қазоқистон мегӯяд, ки Тоҳир Неъматов мехост боз дубора шабакаҳои пешини худро дар Алмаато барқарор кунад, вале боз бо ҳероин боздошт шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол дар хусуси боздошти собиқ мушовири раиси Намояндагии тиҷоратии сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳори бехабарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG