Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши давлат барои ҳимояи саҳҳомони «Агроинвестбонк»


Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд баъди рекапитилизатсияи «Агроинвестбонк», ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, давлат 51 дарсади саҳмияҳои ин бонкро соҳиб гардид.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, рекапитализатсияи «Агроинвестбонк» - ро як падидаи маъмулии низоми бонкӣ хонд, ки дар замони буҳронӣ татбиқ мешавад. Ба иттилои вазир дар натиҷаи аудити «Агроинвестбонк» маълум шуд, ки 37 адад қарзи гирифта аз ин бонк баргардонда нашудаанд ва вазъияташ ногувор аст: «Ширкатҳое, ки аз Аргоинвестбонк қарз гирифтаанд, ҳоло ҳам фаъоланд, вале тавони бозпас додани маблағҳоро надоранд. Мо барои рӯйпӯш кардани кардани ин қарзҳо барои 8 сол дар ҳаҷми 500 миллион сомонӣ қоғазҳои қимматнок нашр кардем. Ҳамчунин 200 миллион сомонӣ, чун муассиси ин бонк сармоягузорӣ намудем ва акнун саҳми ҳукумат дар ин бонк 51 фойизро ташкил мекунад.»

Вазири молия мақсад аз ин иқдомро ҳимояи саҳҳомони бонк гуфт, ки теъдодашон бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил меиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки давлат аз ин кор манфиатдор нест ва ҳар чӣ зудтар масъулини Агроинвестбонк маблағҳои буҷаро гардонанд, ҳамон қадар метавонанд саҳмияҳои худро бозпас гиранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини «Агроинвестбонк» дар суҳбат бо хабаргузориҳо вазъи ногувори бонкро ба он рабт доданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат додаанд ва то ҳол бозпас нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG