Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Иттиҳод-2013: Имрӯз бозии Тоҷикистон - Молдова


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 имрӯз, 25-уми январ барои ҷойҳои 5- 8-ум бо тими Молдова рақобат мекунад

Ин бозӣ дар толори варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия соати 15:15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Пеш аз ин бозӣ соати 13 ба вақти Душанбе дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон ва Қазоқистон барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебаранд.

Дастаҳои ғолиби ҷуфти Узбакистон – Қазоқистон ва Тоҷикистон – Молдова рӯзи якшанбе, 27-уми январ барои ҷойҳои 5-6-ум ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойҳои 7-8-ум талош хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи беҳтарин муборизаро барои Ҷоми Иттиҳод идома медиҳанд. Дар даври ниманиҳоӣ имрӯз Литва бо Украина (17:30 ба вақти Душанбе) ва Беларус бо Русия (20:30 ба вақти Душанбе) рақобат мекунанд.

26-уми январ дастаҳои Эстония ва Қирғизистон барои ҷойҳои 9-10-ум, тимҳои Туркманистон ва Латвия барои ҷойҳои 11-12-ум қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод-2013

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. Беларус – Қазоқистон – 2:1
20) 14:15. 1/4 финал. Тоҷикистон – Литва – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4)
21) 16:30. 1/4 финал. Украина - Молдова - 5:0
22) 19:00. 1/4 финал. Русия - Узбакистон- 2:0

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон - 2 : 1
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия - 1 : 1 (аз рӯи пеналтӣ - 5 : 3)

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Узбакистон - Қазоқистон
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Тоҷикистон - Молдова
27) 16:30. Нимфинал. Литва - Украина
28) 19:30. Нимфинал. Русия - Беларус

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Туркманистон - Латвия
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Эстония - Қирғизистон

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG