Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз рӯи индекси шаффофияти буҷа аз сад холи мумкин танҳо 17 хол гирифтааст, зеро гуфта мешавад, мардуми кишвар аз харҷу дахли сармояи мамлакат огоҳӣ надоранд.

Индекси мазкурро созмони байналмиллалии International Budget Partnership (Созмони Коршарикии Байналмиллалии буҷавӣ) дар пайи гузаронидани пажӯҳишҳо дар сад кишвари дунё муайян кардааст. Мавқеи Тоҷикистон аз рӯи ин шохис аз аксар кишварҳои минтақа назири Қирғизистон, Қазоқистон ва Муғулистон поёнтар будааст.
Ба гуфтаи созмони IBP, 17 холи Тоҷикистон дар индекси шаффофияти буҷа аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат дар бораи буҷа ба мардум маълумоти кофӣ пешниҳод намекунад.

Ин созмони байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додаст, ки барои боло бурдани шаффофияти буҷа дархости шаҳрвандонро оид ба тақсимоти хазина, пешниҳодҳои харҷу дахли давлатро пеш аз қабули он дар васоити ахбори омма нашр кунад. Аммо пажӯҳишгарон навиштаанд, ки лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон ва натиҷаҳои бозрасии буҷа низ танҳо барои мансабдорони дахлдор дастрас буда, дар васоити ахбори омма нашр карда намешавад.


Дар гузориши ин созмон ҳамчунин омадааст, ки ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон натиҷаи аудити буҷа ва дигар маълумоти зарурии марбут ба қабули онро дар торнамоҳои байналмиллалии молиявӣ нашр мекунанд ва ин иттилоъ барои ҳар нафар дастрас аст.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва узви кумитаи иқтисод ва молияи он, мегӯяд баҳодиҳии ин созмони байналмилалӣ доир ба шаффофияти буҷа баёнгари воқеият нест: «Дар Тоҷикистон қабул шудани буҷаи давлатӣ як комиссия махсус амал мекунад, ки қариб як сол дархосту хоҳишҳои шаҳрвандонро омӯхта дар таҳияи лоиҳаи буҷа онро ба назар мегирад. Ҳамчунин натиҷаи самаранокии ҳар лоиҳаи инвеститсионӣ низ ва барномаҳои ҳукуматиро таҳлил намуда, баъд буҷаи соли навро таҳия карда ба вакилони парлумон пешниҳод мекунад».

Ҷаноби Талбаков ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки чунин баҳогузориҳо мекунанд маслиҳат дод, ки аз утоқҳои гарми кориашон як маротиба берун оянд ва бо омӯзиши воқеии вазъият баҳои хешро нисбати ин ё он масъала эълон доранд.

Аммо назари мардуми одӣ ба ин ду баҳо ва ду машварати зиддиҳам чист?

Фирдавс Шодиев, як ҷавони тоҷик, ки ба мусофиркашонӣ машғул аст, мегӯяд, ӯ танҳо дар масъалаи чӣ гуна супурдани андозаш бештар андеша мекунад. Аммо намедонад, ки андозҳои супурдаи ӯро масъулон чӣ гуна сарф мекунанд: «Мо сокинон дар таҳия ва қабули буҷаи кишвар саҳме надорем. Ягон бор надидаам, ки лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон пеш аз қабул шуданаш дар матбуот чоп шуда бошад. Танҳо баъд аз қабул шудани буҷа он дар баъзе нашрияҳои давлатӣ нашр мешавад».

Зимнан бархе аз коршиносон мегӯянд, чун некӯаҳволии аксари оилаҳо дар Тоҷикистон на ба буҷаи давлат, балки ба муҳоҷирати нерӯи кори кишвар бастагӣ дорад ва шояд ба ин сабаб мардум ба шеваи таҳия ва иҷрои он рағбат надоранд. Аммо дар матбуоти маҳаллӣ борҳо маводе нашр шудааст, ки ба тақсимоти маблағҳои буҷавӣ ва аз андоз озод будани бархе аз ширкату корхонаҳо, пинҳон боқӣ мондани маоши раисиҷумҳур ё мансабдорони дигар баҳои манфӣ дода шудааст.

Созмони байналмиллалии International Budget Partnership мегӯяд, агар ҳукумати Тоҷикистон шаффофияти буҷаро таъмин кунад, шаҳрвандон ба он эътимоди бештар пайдо хоҳанд кард ва дар иҷрояш талоши зиёдтар ба харҷ хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG