Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти кори пулиси роҳ ва постгоҳҳо дар вилояти Суғд


Мақомоти Суғд, шимоли Тоҷикистон, теъдоди постгоҳҳо ва маъмурони пулисро дар роҳҳои ин вилоят афзоиш додаанд.

Баъд аз ҳамла ба ду пулиси роҳ (ГАИ) дар Конибодом (даҳ рӯз пеш) ва роҳандозии амалиёт алайҳи муттаҳамон ба терроризм дар Суғд, мақомоти интизомӣ постгоҳҳоро тақвият бахшидаанд. Ба гуфтаи сокинон, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом-Исфара шумораи постгоҳҳо зиёд шуда, нақлиёт ва ронандаҳо аз ҷониби пулиси роҳ мавриди тафтиш қарор мегиранд.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, як сокини Конибодом, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели постгоҳу тафтишоти зиёд микроавтобусҳо 70 киллометрро аз Хуҷанд то Конибодом дар 2 - 2,5 соат тай мекунанд: “Чунки сари ҳар қадам кормандони пулис автомобилҳоро дошта, санаду дохили мошинро тафтиш мекунанд.”

Фахридини Аваззод, сухангӯи БДА дар шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар саросари Суғд ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва маъмурони пулис кормандони интизомӣ, аз ҷумла БДА ба “хидмат бо низоми пурзӯр” гузаштаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Ин дар ҳолест, ки бинобар маълумоти расмӣ, нисфирӯзии 14 -уми январ 2 нозири пулис дар Конибодом як мошини тамғаи "Опел Астра"-ро барои тафтиши аснод нигаҳ доштанд ва чун диданд, ки ронанда асноди лозимаро надорад, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд. Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба сӯи онҳо тир холӣ кардаанд. Як афсари милиса бо номи Сӯҳроб Маҷидов дар ҷои ҳодиса ҷон дода, дуюмӣ, Акбар Турсуновро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Вай ҳоло дар Конибодом табобат мегирад.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Акбар Турсунов дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, саломатиаш беҳтар шуда, табибон ӯро аз шуъбаи эҳё ба осебшиносӣ интиқол додаанд. Ҳоло вай таҳти муроқибати табибон қарор дорад.

Мақомоти интизомии Суғд мегӯянд, амалиёте, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба 2 корманди БДА дар Конибодом ба хотири дастгир кардани ҳамлаварон ва шарикони онҳо роҳандозӣ шуд, идома дорад. Ба гуфтаи мақомот, нафаре, ки ба ду пулиси роҳ тир холӣ карда буд, саҳари 15-уми январ зимни даргирии мусаллаҳона бо кормандони интизомӣ кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, ҷузъиёти дигари амалиётро барои халал нарасонидан ба ҷараёни он то замони анҷомаш ошкор нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG