Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли 30 дарсад арзон шудани маводи сӯхт дар Тоҷикистон


Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон

Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, баъди лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, маводи сӯхти ин кишвар дар Тоҷикистон метавонад 30 дарсад арзон шавад.

Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ, зимни нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки боҷи содиротии Русия айни ҳол дар Тоҷикистон 30 дарсади нархи сӯзишвориро дар бар мегирад.

Ӯ арзиши миёнаи ҳар тонна сӯзишвориро, ки ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, 1200 доллари амрикоӣ гуфта, таъкид намудааст, ки аз ин 30 дарсадашро боҷи русӣ ташкил медиҳад. Ӯ мантиқӣ хондааст, ки агар баъди лағви боҷ нархи маводи сӯхти Русия дар Тоҷикистон 30 дарсад арзон шавад. Тағоймуродов таъкид кардааст, ки арзонии нархҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки агар омилҳои дигар халал ворид накунанд.

Дар қатори омилҳое, ки метавонанд ба арзоншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон монеа шаванд, раҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаққи интиқоли маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Узбакистонро ном бурдааст. Бинобар ин ӯ зарур гуфтааст, ки коҳиши якбораи нархи сӯзишвории русиро дар Тоҷикистон интизор шудан даркор нест.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми январ вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Гул Шералӣ гуфт, созишнома дар бораи лағви боҷи содиротии русӣ нимаи аввали моҳи феврал, ҳангоми сафари Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия ба Душанбе имзо хоҳад шуд.

Тибқи тавофуқоти нави Маскаву Душанбе, ин созишнома аз рӯзи имзошавиаш эътибор пайдо мекунад ва воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи содиротӣ, ки айни ҳол барои ҳар тонна ҳудуди 350 долларро ташкил медиҳад, сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, Русия солона 1 миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи содиротӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад ва Душанбе кафолат медиҳад, ки он дубора ба кишварҳои дигар содир намешавад.

Айни ҳол нархи як литр сӯзишворӣ дар бозорҳои Душанбе аз 6.2 то 7 сомониро ташкил медиҳад ва интизор меравад, ки баъди эътибор пайдо кардани созишнома, нархҳо ҳудуди 2 сомонӣ арзон шаванд.
XS
SM
MD
LG