Пайвандҳои дастрасӣ

Ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ду ҳайвони бузургҷусса ва нодир, яъне фил аз Ҳиндустон ва кенгуру аз Чехия оварда шавад.

Қурбон Одинаев-раиси Боғи ҳайвонот ё вуҳуши Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо пешинҳоди раҳбарияти Боғи ҳайвонот шаҳрдори пойтахт барои ба Тоҷикистон овардани филба сафорати Ҳиндустон дар Душанбе номаи расмӣ фиристодааст.

Ба қавли Қурбон Одинаев, ҳамчунин ба давлати Чехия дар мавриди ба Боғи ҳафоноти пойтахт овардани Кенгуру низ дархост пешниҳод шудааст.

Маъмурияти Боғи ҳайвоноти Душанбе мегуяд, ки имкон дорад дар наздиктарин ҳафтаҳо ба юоғи вуҳуши Душанбе як фил ва як кенгуру оварда шавад.

Соли 2007 Боғи ҳайвоноти Душанбе узви Ассотсиатсияи минтақавии боғҳои ҳайвоноти Осиёю Аврупо ва аквариум гардида, бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои соҳили Балтика, Олмон, Лаҳистон, Булғористон, Славакияю Чехия ҳамкорӣ дорад.

Ҳоло дар Боғи ҳайвоноти Душанбе беш аз 800 сар ҳайвоноти гуногун, паррандаю хазандаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG