Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бо ширкати ҳолландӣ қарордод имзо мекунад


Имрӯз Украина бо ширкати салтанатии энержии Shell- и Ҳолланд қарордоди газ имзо мекунад. Тибқи ин қарордод чоҳи гази Юживск воқеъ дар шарқи Украина бо истифода аз фановариҳои гидравликӣ ё ҳавокаш ба баҳрабардорӣ шурӯъ мекунад.

Shell то ҳол таъйид накардааст, ки дар ин бора дар ҳошияи Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодии Давоси Шветсария қарордод ба имзо хоҳад расид.

Гуфта мешавад, ки Украина тақрибан 1,2 триллион метри мукааб санги нафтзо ё shale дорад, ки акнун бо кӯмаки фановариҳои нав аз он газ тавлид мекунанд.

Киев моҳи маи соли 2012 Шевронро тарафи ҳамкори худ дар ин ин тарҳ дар ғарби Украина интихоб карда буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин тасмим пойбандии Украина ба гази Русияро камтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG